БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз масъулияти созандагии мо вобаста аст!

ПАНҶ.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори маҷлисгоҳи шуғли аҳолии ноҳияи Панҷ бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ”  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки дар ростои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ мушаххас гардидаанд мулоқот доир гардид.

Дар вохӯрӣ Атавуллоева Зебунисо – мудири шуъбаи занон ва ҷавонон,  Ҳасанова Нигора – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷрояи ноҳия  ва  раиси ташкилоти ибтидоӣ-вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ Гадоева Паймона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гадоева Паймона зимни суханронӣ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли ҷавон саҳмгузор буда, чӣ дар муҳити оила ва чӣ дар мактаб мудом оид ба ин мавзӯъ таъкидҳо намуда, онҳоро ба роҳи дуруст роҳандозӣ намоянд. Дастҷаъмона дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, ҷавононро  аз дассисаҳои дуруғини хоинони миллат ҳифз намуда, бар зидди душманони дохилӣ  ва берунӣ  муборизаи беамон баранд.

Дар охир, ҷиҳати роҳандозии Аксияи тарғиботи амалии “Якҷоя ҳал мекунем!”   аъзоёни ташкилоти ибтидоии Шуғли аҳолӣ дар чароғонкунии кӯчаи марказии ноҳия, назди идораашон  барои насб кардани 8 симчӯб бо ноқилҳои барқӣ саҳмгузор шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg