НОРАК.Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароянда ҷиҳати дар сатҳи баланд татбиқ намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак корҳои ободонӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ карда шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Барқчиён” симчубҳои барқӣ дар деҳаю маҳаллаҳо иваз карда шуданд.
Зимни баргузории Аксияи мазкур раиси ташкилоти ибтидии ҳизбии “Барқчиён” Даврон Мирзоев қайд намуд, ки бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта аз ҷониби кормандони ташкилот шанбегиҳо гузаронида мешавад. Инчунин, қайд карда шуд, ки минбаъд низ бахшида ба ин санаҳои муҳим корҳои ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шудааст.