БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иҷрои амалҳои хайр ҳимати ҷавонмардон аст

КӮЛОБ.Тибқи-нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахтобод” бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои созандагӣ бомаром идома дорад.

Имрӯзҳо сокинони деҳот аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат қаноатманд буда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати рушди деҳот корҳои зиёдеро ба сомон расонида истоданд. Ин аст, ки дар деҳаи Бахтободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳри Кӯлоб бо дастгирии сокинони ин деҳа як “Чоҳи амудӣ” ва як трансфарматор ба истифода дода шуд, ки ҳамдеҳагонашон шодобу хурсанд шуданд.

Ин иқдомҳои неки чунин шахсони саховатманд боиси аҳсану офарин аст. Зеро ободи зодгоҳ ва маҳали зист аз ҳар яки мо вобаста аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg