БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хайри худро ба корӽои созандагиву ободонӣ сафарбар месозем!

ВОСЕЪ. Чорабиниҳои сиёсӣ бо татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғӣботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббус ва ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ роҳандозӣ гардида, дар он асосан сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар маҳал фаъолона иштирок намуда истодаанд.

Ин навбат чорабинӣ дар маҳаллаи Гулистон 4-и ҷамоати деӽоти Гулистон роҳандозӣ гардид. Нахуст, вохӯриро Манучеӽри Хуршед–мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия оғоз намуда, қайд кард, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Бинобар ин барои боз ӽам рушд намудани деӽаю маӽаллаӽо мардуми меӽнатдȳсти ноӽияи Восеъ камари ӽиммат баста, саӽми худро дар корӽои созандагӣ гузошта истодаанд.

Дар охир бо кȳмаку дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, соӽибкори муваффақ  Шарипов Сафар, ки барои аз нав сохтани пули вайронаи деӽаи номбурда иқдоми неку ватандӯстонаро ба уҳда гирифт.  Сокинон миннатдории худро ҷиҳати роҳандозии  корҳои ободонӣ  баён намуда, дастаҷаъмона сохтмони купрӯкро оғоз намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg