БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву бунёдкорӣ мароми мост!

Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дастуру супоришҳои мақомоти болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муаррифии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Шоҳин» вохӯри доир намуданд.

Вохӯриро, мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар, кушода, доир ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуд. Муовини-раис мудири шуъбаи ташкили ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Содиқова Меҳрубон, ба сухан баромада дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» андешаронӣ кард.

Ҳамзамон дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони « Якҷоя ҳал мекунем! » ба ҳашари дастаҷамъона баромада, корҳои сабзу хуррамгардонӣ, роҳрави назди ташкилоти ибтидоии ҳизби бо тахтасангҳои ороишӣ азнавсозӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg