
А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд ва дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, баҳри дастгирии оилаҳои ниёзманд, иқдоми ватандӯстонаи роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Алоқачиён»-и назди Департаменти Почтаи тоҷик бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як нафар ятим, сокини ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.