БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Каъбаи умеди мо халқ асту бас!

ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи сил»-и ноҳия чорабинии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон баргузор гардид.

Саравал  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ироа намуда буданд, муфасал суханрони намуд. Ҳамчунин аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун нашри махсуси Рӯзномаи «Ҳамрози халқ», ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ройгон дастрас шуд дастраси аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил»-и нохия гардид. Аз ин иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аъзоёни ташкилоти ҳизбии болозикр руҳбаланд гардида изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар нохия дар ташкилоти ибтидоии ҳизби номбурда қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии "Якҷоя ҳал мекунем" бо шинонидани дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулу гӯлбутаҳо роҳандози карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg