БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву бунёдкорӣ мароми мост!

Ҷ.БАЛХӢ.Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дурахшон”-и ҷамоати деҳоти Халевард вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар фарҷоми чорабини Аксияи тарғиботии – амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маҳалл, обод кардани инфрасохтори маҳал баргузор гашта истодааст. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дурахшон”дар доираи Аксияи тарғиботи - амалии "Якҷоя ҳал мекунем" барқароркуниӣ қубурҳои обгузар дар маҳал ба роҳ монда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg