БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СОҲИБКОРОНРО БА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ РАҲНАМУН СОХТ

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.12.2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд ва дар ин росто ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО “Роғун” ва пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ҷойгоҳи хосе дошт.

Барои мо соҳибкорон мояи ифтихор аст, ки Певшои миллат дар ҳар Паёму суханрониҳояшон ҷиҳати дастгирии ин қишри воқеан муҳимми ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз имтиёзу имкониятҳои нав ба нав бархурдор месозанд. Тавре зикр гардид, пешрафти иқтисодиёти давлат ва пеш аз ҳама ғанисозии буҷаи давлат аз рушди соҳибкорӣ вобастагии калон дорад.

Ҳамзамон, тавре огоҳем, дар Паём ба самти рушди молия диққати аввалиндараҷа дода шуда, дар муҳокимаи масъалаи мазкур паёмадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, таъмин намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ  ва боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд. Тадбирҳое, ки Пешвои миллат дар ин росто ироа доштанд, амалӣ гаштанашон пеш аз ҳама ба рушди иқтисоди миллӣ, баланд гардидани ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, раҳо ёфтан аз бахше вобастагиҳои иқтисодӣ ва дар маҷмуъ баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии ҳар як сокини кишвар равона шудааст. Бо назардошти ин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти рушди иқтисоди миллӣ мо соҳибкорон ва фаъолони ҷомеа, хусусан аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳоҷӣ Шариф” вазифаи худ медонем, ки ҳангоми муомилаву муошират бо мардум  ба дарки ҷомеа аҳамияти супоридани андоз ва дигар пардохтҳои давлатиро расонем, истифодаи босамар аз воситаҳои хизматӣ ва сарфакорона харҷ кардани маблағҳои буҷетиро таъкид кунем, зеро буҷети давлатӣ ин дар маҷмуъ дороии ҳар яки мост, ба дарки соҳибкорони ҳамкасбамон аҳамияти сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои хурду бузурги тиҷоратии сатҳи маҳалро расонем, моҳияти истифода аз хизматрасонии бонкӣ, гузоштани пасандозҳо ва истифода аз қарзҳои имтиёзнокро фаҳмонем ва ғайра.

Пешвои миллат дар Паёми имсола саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда, таъкид намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22% расонида шавад. Дар ин муддат амалишавии нақшаи гузариши кишвар аз шакли аграрӣ ба индустриалӣ – аграрӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, бо дастури Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда мешавад. Мо соҳибкорон дарк мекунем, ки ин тадбирҳо дар дарозмуддат боиси рушди иқтисоди миллӣ гардида, Тоҷикистонро аз кишвари ру ба рушд ба марҳилаи нави тарақиёт ворид месозад. Дар ин самт мо ҳамчун сохтори ҲХДТ, ки масъулияти сафарбаркуниро ба душ дорем, таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба рақобатпазир сохтани молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ кардани онҳо ҷалб сохта, аҳамияти зиёд кардани содирот ва кам кардани воридотро дар пешрафти иқтисод ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа ба таври дахлдор мефаҳмонем, соҳибкоронро ба моҳияти “Стратегияи миллии рушди иқтисоди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ба таври лозимӣ шинос карда, иштироки онҳоро дар таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ таъмин месозем, бо шарҳу тавзеҳи имтиёзҳои дар Паём пешбинишуда дар самти иқтисод ва саноат, мардумро ба амалисозии лоиҳаҳои гуногун ва ворид намудани технологияи муосир ҳавасманд карда, дар заминаи рушди иқтисодиёти кишвар аҳамияти масъулияти шаҳрвандиро дар супоридани андоз ва иҷрои дигар уҳдадориҳои давлатӣ мефаҳмонем, соҳибкоронро бо назардошти фаҳмонидани имтиёзҳои пешбинигардида дар бунёди корхонаҳои саноатӣ ҳавасманд месозем, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фаъол гардонидани сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамоем.

Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки мутобиқ ба дастури Пешвои адолатхоҳи миллат пайваста дар хизмати халқу давлат камар баста, дар якҷоягӣ хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро ободу зебо мегардонем ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.

Соҳибов Зубайдулло- Узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg