БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ҳидоятгар ба ояндаи неку дурахшон

АНДЕША. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дарвоқеъ, фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маданӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ ва амниятии кишвар буда, он бо баёни муҳимтарин дастоварҳои соли 2018, аз ҷумла оғози расмии татбиқи ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили об -  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 -2028»,  мавриди  баҳрабардорӣ қарор додани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», барқарор гардидани дӯстию рафоқат, муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии  ду миллати таърихан бо ҳам  риштаҳои дӯстӣ ва хешутаборидошта – тоҷику ӯзбек, ки тайи зиёда аз ду даҳсола  аз ҳам дур буданд, шурӯъ гардид.

        Дар Паём таъкид гардид, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии  аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ҳамчун хадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ шуда истодааст.

     Барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардум  дар Паём рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳсозии фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбудии вазъи бозори меҳнат аз ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ дониста шуданд.       

      Соли 2018 дар соҳаҳои иҷтимоии кишвар тамоюли мусбат идома ёфта, аз ҷумла нишонаи дарозумрии аҳолӣ  ба 75 сол расида, фавти модару кӯдак дар муқоиса ба соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар кам шудааст.

    Сарвари давлат дар бораи афзоиши аҳолӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион  нафари  соли 1990 дар соли 2018 ба 9,1 миллион нафар расида, дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ Пешвои миллат бо таъкид  зарурати ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳсозии сатҳи зиндагии мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, саноаткунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Бояд қайд намуд, ки нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ як паёми руҳбахш барои мардум аст. Дар ҳолати пиёда гардидани ин иқдом масъалаи ба ҷойи кор таъмин гардидани аҳолии кишвар роҳи ҳалли худро меёбад.

    Боиси қаноатмандист, ки сол то сол қисми даромадии буҷаи ҷуҳурӣ зиёд мегардад ва ба соҳаҳои иҷтимоӣ бештару бештар маблағ ҷудо карда мешавад.

Дар соли 2019  қисми даромади буҷети ҷумҳурӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 ба 24 миллиард расонида мешавад. Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш, маориф, суғуртаи иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тандурустӣ аз 7,2 то 17,3 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад.  

      Президенти кишвар таъкид намуд, ки бо ба роҳ мондани тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор  ва масолеҳи сохтумонӣ таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи мамлакат дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад. 

      Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни бошукуҳи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ илова ба таъмиру тармим ва сохтумони иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан дар деҳот бояд ҳал карда шавад.  Зикр гардид,ки дар ҳошияи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар соли 2018 шумораи сайёҳон дуюним баробар афзоиш ёфт. Вале расидан ба ҳадафҳои ин соҳа як сол басанда нест. Дар ин росто Роҳбари давлат ҳифзи мухити зистро яке аз роҳҳои асосии ҷалби саёҳон дониста, бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2018 – 2021 –ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар ҳақиқат Тоҷикистон бо табиати рангину манзараҳои дилфиребаш барои роҳандозӣ намудани намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ,табобатӣ, варзишию шикор ва куҳнавардӣ имкониятҳои васеъ дорад.

        Пешвои миллат беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкориро  яке аз самтҳои асосии рушду тараққиёти кишвар арзёбӣ намуда, барои боз ҳам фароҳам овардани шароит барои сармоягузорону  соҳибкорон пешниҳод намуд, ки солҳои 2019 – 2021 тамоми санҷишҳои фаъолияти объектҳои соҳибкорӣ  дар соҳаи истеҳсолӣ манъ карда шавад. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар» 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ» амалӣ карда шавад.

     Пешвои миллат таъмини ҳадафи чоруми миллӣ – саноаткунонии босуръати кишварро бо иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишвар вобаста дониста, қайд намуд, ки дар давоми 10 соли охир иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии мамлакат 1520 мегаватт зиёд карда шуд. Дар ин давра беш 1300 километр хатҳои интиқоли баландшиддати барқӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳоло аз рӯи арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистон доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон дар ҷойи шашум  меистад.

     Боиси қаноатмандист, ки бо ҳидоят ва кӯшиши бевоситаи  Сарвари давлат имрӯз Тоҷикистон ба чор тарафи дунё роҳҳои ҷавобгӯй ба талаботҳои байналмилалӣ дорад.  Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар 2100 километр  роҳҳои мошинагарди аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ сохта ба истифода дода шуд. Танҳо дар соли 2018 дар мамлакат 200 килметр роҳҳои дохиливу байналмилалӣ сохта, бунёди 45 пул ба анҷом расонида шуд.   

       Амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ ҳадафи дигаре мебошад, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири мусбӣ мерасонад. Боиси тазаккур аст, ки масоҳати заминҳои обӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ  сол то сол зиёд мегардад ва мардум аз он самараноктар истифода менамоянд. Дар давоми соҳибистиқлолӣ ба 1миллиону 400 ҳазор нафар барои бунёди манзил замин ҷудо карда шудааст . Дар ин давра 7 миллион нафар сокинони кишавар шароити манзилии худро беҳтар кардаанд. Пешвои миллат як нуктаро хотирасон намуд, ки дар давоми 70 соли то замони истиқлолият бо ин мақсад ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуда буд.

      Дар Паём дар бораи рушди соҳаи маориф, инишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ муфассал сухан рафтааст. Танҳо дар соли 2018 дар кишвар 151 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта ва 73 ҳазор ҷойи нишаст барои хонандагон муҳайё карда шуд,- омадааст дар Паём. Нарасидан кадрҳои болаёқати омӯзгорӣ ва паст будани сатҳу сифати таълим камбудиҳои ҷиддии соҳа арзёбӣ гардиданд.

    Дар ин ҳуҷчати оядасоз дар бораи дигар соҳаҳои иҷтимоӣ – тандурустӣ, рушди соҳаи фарҳанг, варзиш,  занон, ҷавонон,  дастоварду камбудиҳои  дар соҳаҳои номбурда ҷойдошта сухан рафта, масъулин  барои ислоҳи камбудиҳо вазифадор карда шуданд. 

    Дар Паём Пешвои миллат аз сокинони кишвар ва махсусан аз занону бонувон даъват ба  амал овард, ки дар риояи қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро бо роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, яке аз хислатҳои  беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.

       Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Паём таҳлил гардида, таъкид гардид,  ки авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноором аст. Баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд. Дар чунин вазъ моро мебояд, дар атрофи Ҳукумат ва Президенти кишвар боз ҳам муттаҳид бошем. Танҳо дар ин ҳолат ва бо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро бо мақсади дар  наздамон гузошташуда мерасонад.

ИСКАНДАР БОБОНАЗАРОВ,  роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи  Ховалинг,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg