Ш.ШОҲИН. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дастуру супоришҳои мақомоти болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муаррифии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Комуналӣ» вохӯри доир намуданд.
Вохӯриро Неъматов Абдулҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода, доир ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуд.
Ошимов Абдураҳим мутахассиси шуъбаи ташкили ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» андешаронӣ кард.
Баъдан Қурбонзода Шифо сармуҳарири нашрияи «Овози халқ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада дар бораи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» суханрони намуд.