ҲАМАДОНӢ. Дар маҷлисгоҳи беморхонаи марказии ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзоёну ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханрони карда қайд кард, ки мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дорад, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад.
Оид ба тадбиқи амалии аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» кормандони шуъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи марказӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба 4 нафар беморони шаҳраки Москва, ки ду нафарашон умри садсола доранд, аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо ёрии тиббӣ расониданд.