БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хизмати халқ аст!

ПАНҶ. Ба мақсади баррасии Паёми имсолаи Пешвои миллат бо иштироки гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ҳошимов Тоҳир- муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ, Ғафуров Сайдамир - -мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот дар ташкилоти ибтидоии “Шифо”-и назди беморхонаи ноҳиявӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ  доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур аз тарафи масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизб зикр гардид, ки Пешвои миллат соли сеюм аст, ки Паёми худро дар охири соли мелодӣ ироа менамояд, он барномаи мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ буда,  вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои  расидан  ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзғори мардум қарор мегирад.

Махсусан Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хирадмандонаи худ оиди  соҳаи тандурӯстӣ қайд намуданд, ки «Дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад. Илова бар ин, дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд», ки ин ба беҳдошти сатҳи саломатии мардуми ҷумхурӣ  нигаронида шудааст.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳизбиён бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии Шифо Умронов Нурмаҳмад Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!»-ро  роҳандозӣ намуда, дастаҷаъмона саҳни беморхонаи ноҳиявиро тозаю озода намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg