![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/2_61.jpg?itok=L4Ntjmvn)
КУШОНИЁН. Кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ доир карданд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Сатторова Мунаввара иштирок варзида, атрофи муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат андешаронӣ кард ва аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани ин дастури муҳим ҳамчун роҳнамо ба зиндагии пурсаодат пурмаҳсул ва садоқатмандона фаъолият намоянд.
Дар охир ҷамъомадагон суханрониҳои судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки он дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардиданд, сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор хоҳем дод.