БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём - ҳидоятҳои созанда ба аҳли ҷомеа

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб маҷлис баргузор гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул изҳор кард, ки дар Паёми имсола бо таҳлили мухтасар аз бурду бохт ва дастовардҳои кишвар дар давраи соли 2018 инчунин самтҳои иқтисод, санот, савдо, соҳибкорӣ, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, амният ва сиёсати хориҷиву дохилиро амиқан баррасӣ намуда, дар назди хизматчиёни давлатӣ ва масъулини босалоҳияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Бояд гуфт, ҳарчанд ин вазифагузориҳо дар сатҳи олии давлатӣ сурат гирфтанд, вале ин ишораест, ки масъулини самту соҳаҳои гуногун дар маҳалҳоро зарур аст зимни иҷрои ин дастурҳо дар доираи ҳудуд ва вазифаҳои хизматии худ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар охир аз ҷониби иштирокдорон ҳангоми шарҳ додани Паём барои амалӣ намудани дастурҳои дар Паём зикршуда маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg