ҚУБОДИЁН. Бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои асосии дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додашуда баҳри ободии маҳал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён корҳои ободонӣ бо баргузории ҷашни садда ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур 12 нафар аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва ҷавонони фаъол, ки аъзоёни ҲХДТ мебошанд иштирок намуда, заминҳои гирду атрофи ташкилоту идораҳо, зери дарахтони сояафкани маркази ноҳияро нарм намуда, ҷӯйборҳоро аз партов тоза карданд. Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби ҷавонони фаъоли ҳизб 25 дарахти сояафкан, 21 дарахти мевадиҳанда ва 30 адад гулҳои ороиши шинонида шуд.