ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки зимни мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар дода буданд, дар ноҳияи Қубодиён бо мардум пайваста аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳия суҳбату вохуриҳои судманд баргузор гардида мешавад.
Вобаста ба масъала дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ” дар мавзуъи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат”, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев иштирок ва суханрони намуданд.
Абдуллоев Ваҳобиддин дар суханронии худ оид ба иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон андешарони карда, ёдовар шуд, ки амали намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб бояд бошад. Баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкори, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дустию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона кушиш намоем.