ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар доираи ҷадвали тасдиқнамуда бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чоргул" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат варзида, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва расидан ба яке аз ҳадафи нави стратегӣ саноатикунонии мамлакат андешаронӣ намуданд.