БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз садоқати мо вобаста аст!

ЁВОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар доираи ҷадвали тасдиқнамуда бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандози намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  "Якҷоя ҳал мекунем!" ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат варзида, ҷаҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва расидан ба яке аз ҳадафи нави стратегӣ саноатикунонии мамлакат суҳбатҳои муфид доир намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg