БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дасти дармондагонро гирифтан масъулияти ҳар як инсони бошараф аст.

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаб Интернати Ҷумҳурияви”-и ҷамоати деҳоти Каленин ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки масъулини ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъулин оид ба нуктаҳо ва масъалагузориҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои тундгаро, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва риояи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва созандагӣ андешаронӣ карда, дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ду нафар кӯдаки ятим сару либоси зимистона тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg