БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терорризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ

АНДЕША.Воқеан ҳам терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Ҳамарӯза мо аз садову симо ва воситаҳои ахбори умум мебинем, ки доир ба  пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар ҳама шаҳру вилоятҳо, ноҳияҳо тез-тез баромаду, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба  аҳли башар, бахусус ҷавонон рафта истодааст, ки аз он ҷумла ҷавонони ноҳияи моро низ дар ин хусус беқарор нагузоштааст.

Албатта, мо шоҳиди он ҳастем, ки ин чораҳои ҷангҷӯён, ки ҳар рӯз дар мамлакати ҷангзадаи кишвари ҳамсоя мебинем, ашки ғаму андуҳ мерезем. Рӯзе нест, ки аз 4 то 5 ё аз 50 то 60 нафар тифлакони нав ба дунёи ҳастии ҳасрат омада, арӯсакони нав, ки коми зиндагиро начашида, волидоне, ки (болои ин мусибатҳо)  навакак як ё ду писарашонро дар қатори қувваҳои мусаллаҳи ватанашон ҷон бохта ва ё мардуми бегуноҳи заҳматкаш талаф ёфтаю касе аз мамлакатҳои абарқудрати ҷаҳон ва роҳбарони худи давлатӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сари ин моҷарою даҳшатӣ хунхору хуношомро гирифта наметавонанду музтар монда, ҳазорон кас  рӯзе ҷон додаю бе хонаву дар,бехонумон ва бе қутти лоямут (луқмае) мемонанд.

Чаро мо ҳамаи инро бо чашмони худ мебинему шукр аз ин давлату замон, аз ин даврони тинҷу обод, дар партави сулҳу ваҳдати миллӣ, бо сарварии Пешвои сулҳофари миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намекунем.

Боз мешунавем, ки фалон фарзанди тоҷик ҳам дар дохил ва ё берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ба силоҳи оташфишон зада, баҳри нестии аҳли башар иқдом намудааст. Охир мо бояд фарзандонро о нагузорем, то ки онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ё бо бачаҳои бекору саргардон ҳамроҳ нашаванд. Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ хештаншиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем.

Чунки ин доғ оқибаташ ашкрезии падару модар ва ҳамаи хешовандон то охири ҳаёт мегардад. Ин аъмоли ношоиставу хатарнок ҳатто ҷаҳонро ба ташвиш оварда, ба пешрафту тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ монеа ворид менамоянд.

Терроризму экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, сарчашмаи ҳамаи қатлу куштор ва даҳшату ваҳшоният мебошанд. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи падидаҳое мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатии ҳар як кишвар ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад.

Онҳое, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои  хусусияти террористию экстремистидошта дохил мешаванд  шахсоне мебошанд, ки саводи казоии динӣ надоранд, моҳияти ҳаракатҳои худро дуруст дарк карда наметавонанд. Ҷои кори аниқ надошта,  доимо сарсону саргардон мегарданд, ба тамошои филмҳои бероҳкунандаҳои хориҷӣ даст мезананд.

Оқибат ин ашхоси фирефта ва гумроҳ даст ба амале мезананд, ки сабаби марги инсонҳои бегуноҳ мегардад. Имрӯзҳо аз васоитҳои ахбори омма рӯзномаю маҷаллаҳо метавон дид, ки ҳодисаҳои нангину даҳшатборе, ки дар Сурия, Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар давлатҳо сар зада истодааст, ҳеҷ шахси солимфикрро бетараф намегузорад, ки ин амали зишти онҳоро нодида гирад. Мувофиқи таффакур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, бояд ягон давлати мусулмоннишин набояд ҳамчун давлати мусулмоннишини мустақил вуҷуд дошта бошад. Маълум мешавад, ки мақсади ин ҷараёни террористӣ як аст, расидан ба мақсадҳои ғаразноки молӣ ва сиёсӣ, ки паси он чандин миллиардҳо маблағ ва ҳадафҳои стратегии кишварҳои ҷудогона меистад.

Роҳи расидан ба ин ҳадафҳои нопок, онҳо ҳарчи бештар зиёд намудани пайравони нопок, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани мардум ва бо ин роҳ ноором сохтани вазъи сиёсии мамлакат мебошад.

Мардуми Тоҷикистон низ дар баробари дигар мардумони кишварҳои ҷаҳон ин амали нангинро маҳкум намуда, атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ -Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дастовардҳои Тоҷикистони азизро бештар аз пештар дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон ташвиқу тарғиб намуда,  кӯшиш мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Мо низ терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем.

Охир, имрӯз ҳамаи моро зарур аст, ки муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, нисбат ба ваҳдати миллӣ, истиқлолият, миллату давлат ва сарзамини аҷдодии хеш нишон дода тавонем. Заррае ҳам бошад, аз ҳимояи ин хоки муқаддас, марзу буми хеш дар канор набошем ва ҳамеша ҷиҳати пойдории сулҳу салоҳ кӯшиш кунем ва аз қонуну фармонҳои давлату сарвари хеш итоат намоем.

Ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарорем, ҳодисаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  ва он азобҳое, ки халқи бегуноҳ кашидаанд, ҳаргиз фаромӯш намешаванд. Чунки дар ахборҳои дину мазҳаб ва эътиқоди мо, ҳеҷгоҳ моро барои таркондан, сӯзондан, куштор, фитнаю ҷангу ҷидол ҳидоят накардаанд ва наменамоянд.

Ин гурӯҳи ғаразнок аст, ки аз эътиқоди мо истифода менамояд ва моро барзидди омилҳои нек ва ғайри он ба оташи даргир, ваҳшату ваҳшоният ва худкушӣ ҳидоят мекунад, то ки ба ҷомеаи башар халал ворид накунем ва мо бояд, ки фирефта нашавем.

Бинобар ин, мо вакилонро зарур аст, ки ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, бозиҳои варзишӣ, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷавононро сафарбар намоем ва баҳри пешгирӣ аз бозиҳои экстремистии компютерӣ, телефони мобилӣ ва ғайра маслиҳатҳои муфид ба ҷавонон диҳем. Чунки  яке аз паҳнгаштатарин усули заҳролуд кардани майнаи сари наврасону ҷавонон бо идеяҳои террористию экстремистӣ ин бозиҳои копютерӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо мисли оҳанрабо ҷавононро ба худ мекашад.

Мо вакилон низ дар қатори тамоми мардуми ҷумҳурии азизамон, ки аз фоҷеаи пурдаҳшати  қаблӣ, ки 29-уми  июли соли ҷорӣ, ки аз ин доғи рӯз, ки як ҳодисаи нангину номатлуб, бо васвасаи душманони хориҷӣ бо сайёҳон рух дода буд, нафрат мегӯем. Ва нисбати ин алангаи зуҳуротҳои номатлуб кирдорҳои разилонаи гурӯҳҳои террористию экстремистиро шадидан маҳкум намуда, мунтазам бо Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо ташкил мекунем.

Мо низ доимо дар вохӯриву мулоқотҳои худ бо интихобкунандагонамон доир ба  ин мавзӯъ сухан ронда,  таъкид мекунем, ки ҳамаи падару модарон нисбати ин зуҳуроти номатлуб огоҳӣ дошта бошанд ва ҷавонону наврасони тоҷик бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Имрӯзҳо барои ҳар як фарди ҷумҳурии азизамон  зарур аст, ки тамоми қувваю малакаи хешро ба бунёди ҷомеаи озоду солим равона карда, баҳри ҳаёти осоиштаи инсоният, насли ҷавонро тарбия намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ тарбия намоем.

 

Қудуров Сайфиддин-  вакили Маҷлиси вакилони халқи

ноҳияи Ҷайҳун  

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg