БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ–ҳизби роҳнамо ба ояндаи неку дурхашон

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи  қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҳё ва дастгирӣ»-и ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Сабоҳат Азизӣ  иштирок дошта,  оид ба нуктаҳои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз кардани агрегати  якуми НОБ-и Роғун  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ кард.

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавуф дар бораи моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ карда,  ҷамъомадагонро  ҷиҳати  дар партави Аксияи ҳизбӣ роҳандозӣ кардани  корҳои ободониву созандагӣ  дар обу  ҳавои мусоид, аёдати беморон ва расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат,  ҳалли мушкилотҳои ҷойдоштаи  маҳалли зист раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg