БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби ҳидоятгар ба фардои неку ободи Ватан

МӮЪМИНОБОД. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаи барқ»-и ноҳияи Мӯъминобод бо кормандону аъзои фаъоли он хониш сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар  хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рамазон Ҳайдаров ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, дар бораи  тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва татбиқи амалии Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуда,  ҷамъомадагонро  барои амали кардани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ҳидоят кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg