БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и ноҳия бо аъзои ташкилоти номбурда оид ба  фаҳмонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрии мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ширкат варзида, дар мавзӯъи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок дар ҷомеа, пешгирии нашъаҷаллобиву нашъамандӣ харф зада, зикр намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуда, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳар як сокини кишвар саҳмгузор буда метавонад.

Дар охир ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ  дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg