БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – роҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои созанда

КӮЛОБ. Аз оғози соли 2019 ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба мақсаду ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафолат” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷиҳати масъалаҳои дар боло зикршуда суҳабат анҷом дода шуд.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафолат” Гулмаҳмадзода Мирзохон иштирок намуда, зимни баромадҳо нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд.

Рафти вохӯрӣ собит сохт, ки аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии мазкур Паёми Пешвои миллат ҳамовозии амиқ пайдо намудааст.

Дар фарҷом як қатор аъзои фаъоли ҲХДТ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроия қадрдонӣ шуда, ҳамзамон ба аъзои нави ҳизб билетҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg