
ДАНҒАРА. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа”-и Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар он Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, ҳифзи иҷтимоӣ ва масъалаҳои беҳдошти аҳолӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои ифротӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, созандагӣ ва зебосозии муҳит дар доираи аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳунармандии аҳолӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.