БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – ҳуҷҷати ояндасозу тақдирсоз барои миллати тоҷик

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо мақсади тарғибу ташвиқи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 – и ноҳия мулоқот доир карданд.

Масъулин доир ба мазмун, моҳияти ин ҳуҷҷати муҳим, ки барои зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуръати мамлакат нақши басо муҳим дорад андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар ин раванд  дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан карда,  таъкид намуданд, ки Паём ҳуҷҷати ояндасоз буда, ба некӯаҳволии сокинон равона  карда шудааст ва ҳар яки моро месазад ин ҳуҷҷати  ояндасозу тақдирсози миллатро сармашқи кору фаъолияти  ҳаррӯзаи  худ  қарор диҳанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ  ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ ба аъзои ташкилот  дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg