БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зироаткорӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида Исоев Фаррух вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеи сокинон андешаронӣ карданд.
Дар охир оид ба ҷалби бештари сокинони маҳал ба корҳои хонагӣ ва хоҷагидорию кишоварзӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда Ҷалилов Сайфулло андешаҳои хешро баён дошта, афзуд, ки бо ҷалби сокинони маҳал барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азизамон кӯшиш менамоем.