
ФАРХОР. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омор" аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар рафти маҷлис қайд гардид, ки Паёми Роҳбари давлат дастур ва нақшаи кории ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва тамоми сокинони ҷумҳурӣ мебошад. Ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паём ҳамаи ниҳодҳои дахлдор ва сокинон муваззаф мебошанд.
Ҳамчунин мавсуф, ёдовар шуданд, ки ҷиҳати рушду ободонии маҳал ва рушди соҳаи сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ, ки Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ солҳои 2019-2021-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда буданд, дар ин росто вазифаи мо ҳизбиён тарғибу ташвиқ ва тадбиқи ҳамин сиёсати муайяншудаи давлат мебошад. Дар ин самт мо бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд саҳми худро дар рушду ободонии маҳали зист ва ноҳияи худ гузорем.
Дар охир ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омор" тақвимҳои кисагӣ, деворӣ ва рӯйимизӣ дастрас карда шуд.