
МӮЪМИНОБОД. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия»-и ноҳияи Мӯъминобод бо кормандону аъзои фаъоли ташкилот хониши сиёсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок дошта, дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» васамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои номатлубӣ ҷомеа, саҳм гузоштанд дар корҳои ободониву созандагӣбахри боз ҳам рушду нумуъ кардани Ватан раҳнамоӣ намуд.