БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонии дастаҷамъона дар деҳаву маҳал рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодаанд

КУШОНИЁН. Ба хотири тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!” ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор шуда истодааст.

Ба ин хотир дар ҷамоати  шаҳраки Бохтариён дар  деҳаи Махсумобод ҳашарҳои дастаҷамъона  бо  мардуми ватандӯстӣ деҳа  ташкил карда шуда, дар корҳои ободонӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  иштирок фаъолона дошта,  бехи дарахту ниҳолҳои гуногунро аз алафҳои бегона тоза ва нарм намуданд. Инчунин, дар идома гирду атрофи деҳа ва оромгоҳи деҳаро ба тартиб дароварда, ҷӯйборҳои обгузарро  аз партовҳо тоза карда, дар ду тарафи роҳи деҳа  зиёда аз 26 бех дарахти арча шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg