ҚУБОДИЁН. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд татбиқ намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия корҳои ободонӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ карда шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ аъзо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён фаъолона иштирок намуда, заминҳои гирду атрофи ташкилоту идораҳо, бехи дарахтони сояафкани маркази ноҳияро нарм намуда, ҷӯйборҳои обгузарро аз партов тоза карданд.
Инчунин, дар идомаи Аксияи мазкур ҷавонони бонангу номуси ноҳия иқдоми неки ватандӯстонаро пеша намуда, дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимиро шинониданд.