БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои зиндагии арзандаи худ талош меварзем

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайроб»-и ҷамоати деҳоти Панҷоб вохӯрӣ гузарониданд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешарои  намуда, қайд кард, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои деҳот ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохторҳои деҳот солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.   Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Дар доираи иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва бо дастгирии сокинони деҳаи Сайроб симчӯбҳои куҳнаю фарсуда 8 ададашон иваз карда шуданд.

Аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинони деҳаи Сайроб нашри махсуси рӯзномаи «Ҳамрози халқ» дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg