ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ ва амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», ҳамчунин бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Савда”-и ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Нахуст дар рафти вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рафти сохтмони иншоотҳои маишию хизматрасонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастрасии аҳолӣ ба нашри махсуси рӯзномаи «Ҳамрози халқ» баррасӣ гардиданд.
Баъдан, вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси маҳалла Давлатов Раҷабалӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи “Савда” Раҷабов Эмомалӣ як силсила корҳои ободониву созандагӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ сокинон дар тоза кардани оромгоҳи деҳа саҳм гузошта, 70 бех ниҳоли арча шинониданд.