ПАНҶ.Таҳти ин унвон дар маҳаллаи ба номи Атавуллоеви ҷамоати шаҳраки Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ хониши сиёсӣ бо татбиқ намудани Аксияи таблиғотӣ-ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардид. Чорабинии таблиғотӣ бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроия Ҳошимов Тоҳир- муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ, Ғафуров Сайдамир- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия роҳандозӣ гардид.
Нахуст, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, андешаронӣ намуда, қайд намуданд, ки Паёми имсола аз дигар Паёмҳои пешина фарқи куллӣ дошта, он дарбаргирандаи 15 самту соҳаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла саноат, иқисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, занону ҷавонон буда, дар доираи онҳо вазифаҳоро барои соли 2019 муайян намудааст.
Дар охир, иштирокдорон дастаҷаъмона барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ-таблиғотии «Якҷоя хал мекунем!» омодагӣ гирифта, барои роҳандозии он ба шанбегии умумӣ баромаданд. Дар партави аксия сокинон хати нави оби нўшокии маҳалларо гузарониданд.