
ВОСЕЪ. Дар асоси ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Селбури ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маӽмадалиев бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Тибқи нақша дар деҳаи Селбур бо ташаббуси кумитаи маӽал ва бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза, муовини раиси Кумитаи иҷроия Шаӽноза Раҷабова ва фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ӽизб корҳои ободониву созандагӣ баргузор карда шуд.
Дар он хурду калони деҳа ба ҳашари умумӣ баромада, дар сангфарш кардани роҳи деҳа камари ҳиммат бастанд.
Чунин иқдомҳои созанда баҳри ободонии маҳал дар оянда низ ба нақша гирифта шудааст.