БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табиатро бояд ҳифз кард!

КУШОНИЁН. Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик зебоипарастӣ яке аз сифатҳои муҳими инсонист. Манбаи зебоӣ аввалан аз табиат оғоз меёбад. Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имкон фароҳам меоварад, ки инсон табиат ва муҳити зистро тоза нигоҳ дорад, онро афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад, муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад.

Ба ин хотир ҷиҳати  амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол, деҳаи Лоиқ Шералӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ  ташкил карда шуд.

Иштирокдорон бехи дарахту ниҳолҳои гуногунро аз алафҳои бегона тоза ва нарм намуда, гирду атрофи деҳа, оромгоҳро ба тартиб дароварда, ҷўйборҳоро аз партовҳо тоза карданд.

Сокинони  деҳот аз иқдомҳои неку созандаи ҲХДТ сарфароз буда,  зикр карданд, ки  дар оянда низ чунин ободкориҳо идома меёбад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg