Ш.ШОҲИН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Доғистон ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Қурбонова Малоҳат мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан масъулин нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба иштирокдорон фаҳмонида, инчуниндар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолияти оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун андешаронӣ карда, сокинонро барои истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, боз ҳам рушд додани касбу ҳунарҳои мардумӣ, кидар баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат менамояд, раҳнамоӣ карданд.