ФАРХОР. Дар доираи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумимтаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии Осоишгоҳи "Насими Фархор" баргузор гардид.
Дар мулоқот Алиҷон Назаров атрофи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ дар фасли сармо бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа дар доираи урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ, ки онҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, суханронӣ намуд.
Дар охири вохӯрӣ ба иштирокдорон тақвимҳои кисагӣ, деворӣ ва рӯйи мизӣ дастрас карда шуд.