МӮЪМИНОБОД. Дирӯз тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати кишоварзӣ»-и ноҳияи Мӯъминобод оид ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротзода иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои асосии Павёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, эълон гардидани солҳои 2019-2028 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд.
Инчунин, мавсуф дар бораи моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, иштирокдорон ба корҳои созандаву бунёдкорона барои дар сатҳи баланди ватандӯстона истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.