БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат ба хонадони мардуми тоҷик равшанӣ бахшид

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯушониён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55- и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия бо омӯзгорон оид ба фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба  нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар,  сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон андешаронӣ  намуда, қайд карданд, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Аз ин лиҳоз мо бояд амалан кору фаъолият намуда,  дар ин замина зиндагии арзанда ва шоистаро ба сокинон таъмин намоем.

Паёми Сарвари давлат аз ҷониби омӯзгорон ҳамчун як дастури раҳнамо хуб пазируфта шуда, ҳар нуктаҳои онро сармашқи  кору фаъолияти худ қарор додаанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби  масъулин маводҳои таблиғотии ҳизбӣ ба омӯзгорон дастрас карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg