БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мактаби санъати бачагона» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он муовини раис - мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Паврвиз ба сухан баромада, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди баррасӣ қарор дод.
Инчунин, дар идома мавсуф дар бораи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» , самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ҳарф зада, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ кард.
Баъдан масъулин аз ҳунару маҳорати толибилмони ин муассиса дидан намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани маҳорати таълимгирандагони ин боргоҳи маърифат тавсияҳои судманд доданд.