БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбӣ “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳал идома дорад

ДАНҒАРА. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳалаи Нуралӣ Миралӣ”-и ҷамоати шаҳраки Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия иштирок намуда, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори  30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва танзими муносибатҳои оилавӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg