БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас ниҳоят бузург аст

КУШОНИЁН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён вохӯрии судманд доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва нақши омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас, сафарбар кардани сокинон бо сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди  хатарҳои терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ  андешаронӣ карданд.

Ҳамзамон, ба аъзои нави ба сафи ҳизб шомилгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg