БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбати табақаҳои ниёзманд зиёд аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмакрасон» бо иштироки  муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Раҷабализода Парвиз ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия  Асадуллозода Ватан тибқи ҷадвали хонишҳои  сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳо ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар бораи моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ  намуданд.

Сипас,  дар идома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмакрасон » Ойматов Ҷонмаҳмад ба сухан баромада, оид ба расонидани кӯмаки моддӣ ва санитарӣ ба шахсони  маъюбу бепарастор андешаронӣ карда,  афзуд, ки дар оянда низ дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа  диққати махсус  зоҳир менамоянд, талош хоҳем варзид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg