БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат аст!

ҶАЙҲУН. Бо  ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Шифо” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинӣ Сабурзода Насим вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат муфасал суханрони намуда иброз дошт, ки  истиқлолият волатарин ва боарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор рафта, дар сарнавишти халқи мо ҳамчун нодиртарин воқеаи таърихӣ нақши тақдирсоз дорад. Чунки ин рӯйдоди муҳим дар хонадони мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва ҳамфикрию ҳамзистиро пойдор намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg