БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал дар пешрафту шукуфоии диёр талош меварзанд

Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири Хусрав вобаста  ба  амалӣ намудани самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ, ҷалби   васеи мардум    ба  татбиқи   ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ,   амалӣ намудани нуктаҳои Паёми имсолаи  Президенти  мамалакат  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  “Маҳаллаи  Мамашукур”   вохӯрӣ баргузор  гардид.

Зимнан  масъулин  оид  ба  Паёми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  аз  22  декабри  соли  2018 бармеояд,  шарҳу тавзеҳ  дода, эълон  шудани  солҳои  2019-2021  Солҳои  рушди  деҳот,  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ, самтҳои  афзавлиятноки  фаъолияти ҲХДТ  ва  моҳияти  Аксияи  тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ   таҳти унвони “Якҷоя  ҳал  мекунем!” андешаронӣ намуданд.

Вобаста  ба  муроҷиатномаи  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон  ба  сокинони  вилояти  Хатлон, ҷиҳати  мусоидат  дар  татбиқи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизбӣ , ки  дар  шумораи  нашри  махсуси  рӯзномаи  “Ҳамрози  халқ” дарҷ  шудааст, ҳарф зада   қайд  гардид, ки  ҳар  як  сокини  вилоят,   аз  ҷумла  сокинони  ноҳияи  Носири  Хусрав новобаста  аз  касбу  кор ва  шуғл  бо  дарки  масъулияти  баланди  ватансозӣ  бо  кору  амали  ватандӯстонааш  дар ободу осоиштагӣ   ва  баҳри  пойдории  талош варзида, тамоми  заҳмату  кӯшиши  худро барои  таъмини  пешрафту шукуфоии  кишварамон  равона  созанд. Барои  пурра  шинос  шудан  ба  Муроҷиатнома,  нашри  махсуси  рӯзнома  ба  ҳар  як  шаҳрванд  ва  ба  ҳар   хонаи  маҳалла   дастрас   карда  шуданд.

Дар  маҳалла   Аксияи   тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя  ҳал  мекунем!” роҳандозӣ  гардида,  сокинон  барои  ободу  зебо  гардонидани  гирду  атрофи  деҳа  ва  тоза  намудани  каналу ҷӯйҳои   обрави  дохили  деҳа саҳм гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg