БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эй, ки дастат мерасад, дасте бигир...

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»   бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Адрасбофон»- и ноҳияи Темурмалик вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон ва  нашри   махсуси  нашрияи   «Ҳамрози халқ» баррасӣ  карда шуданд.

Баъдан  вобаста  ба  татбиқи қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Адрасбофон» Аллаёрова Ашурой  ба як нафар ятимдухтар аз ҷамоати шаҳраки Совет Зардакова Рузигул  сару либос  кӯмак  карда шуд .

Дар ҷараёни расонидани кӯмаки моддӣ  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид   иштирок карда, барои иқдоми ватандӯстонаи раиси ташкилоти ибтидоӣ  изҳори миннатдорӣ баён намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg