ПАНҶ. Чорабиниҳои сиёсӣ бо татбиқи қисмати амалии Аксияи табилиғотӣ – ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!» бо ташаббус ва ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ роҳандозӣ гардида, дар он асосан сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар маҳал фаъолона иштирок намуда истодаанд.
Ин навбат чорабинӣ дар маҳаллаи ба номи Қодир Зоидови ҷамоати шаҳраки Панҷ роҳандозӣ гардид. Ба ҳайати иштирокдорон масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия, кормандони ҷамоати шаҳраки Панҷ ва аъзову ҷонибдорони ҳизби маҳал шомил буданд.
Нахуст, ҷамъомадро Ғафуров Сайдамир –мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдом идомаи рушди деҳот буда, он то соли 2021 давом дода мешавад.
Дар зимн қайд гардид, ки Аксияи тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки аз нимсолаи дуюми соли 2018 оғоз гардида буд, ба ҳадафҳои созандигиву бунёдкоронаи Пешвои миллат мувофиқ аст ва то соли 2021 мо онро дар амал татбиқ хоҳем кард.