
НОРАК. Бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оина” Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» доир карда шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии номбурда корҳои рангубори берунии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмири роҳравҳои назди бинои корхона, шинонидани гулҳои мавсимӣ роҳандозӣ гардид.
Зимни баргузории Аксияи мазкур раиси ташкилоти ибтидии ҳизбии “Оина” Субҳон Ҷураев қайд намуд, ки бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта аз ҷониби кормандони ташкилот корҳои ободонӣ баргузор карда шуда, минбаъд низ бахшида ба ин санаҳои муҳим корҳои ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шудааст.